«ФИҚҲИ ИСЛОМӢ БАР АСОСИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ (ибодот ва аҳволи шахсӣ)», асари Абдушариф Боқизода оид ба паҳлуҳои гуногуни таълимоти фиқҳӣ ва маорифи исломӣ. Дар китоб аҳкоми ибодату ҳолатҳои шахсӣ ва хонаводагӣ мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Қисмати аъзами китобро бахши ибодатҳо ташкил медиҳад, ки ба забони содаву равон ва бастабандии зебо баён гардидаанд. Қисми дуввуми китобро аҳволи шахсӣ (кодекси оила), ки аз тавзеҳи мавзӯъҳои никоҳ, талоқ, ширхорагӣ, идда, хулъ, зиҳор, нафақа ва ғ. иборатанд, ташкил медиҳад. Дар китоб вобаста ба мавзӯъ барои исбот ва баёни матлаб оятҳо ва ҳадисҳо низ дарҷ гардидаанд. Китоб илова бар баёни аҳком ва масоили бобҳои гуногуни фиқҳ ҷанбаи тарбиявӣ ва омӯзишӣ низ дорад. Дар он арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва шинохтҳои имонӣ ба таври назаррас бозтоб ёфтаанд. Китоб бо истинод ба муътабартарин китобҳои фиқҳи ҳанафӣ таҳия гардида, қаблан солҳои 2006, 2009, 2011, 2016 ба табъ расидааст.
This version of Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Android App comes with one universal variant which will work on all the Android devices.
If you are looking to download other versions of Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Android App, We have 1 version in our database. Please select one of them below to download.