ЧАШМИ МАН
Чашми ман серӣ надорад аз тамошои замин,
Хоҳам аз мадди назар н-афтад ягон ҷои замин.
Чашми ман хоҳад, ки бинад навбаҳорон бешумор
Борҳо бинад шукуфтанҳои гулҳои замин.
Чашми ман маҳви ҷамолу ҳусни зан бошад мудом,
Бењ зи ҳусни зан набошад ҳусни зебои замин.
Аз азал зан бо замин як гашт чун ду модарон,
Бўйи зан ояд машомамро аз ақсои замин.
Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд
З-ин сабаб гўем занро маҳфилорои замин.
Ҳокимият гар ба дасти зан саросар мегузашт,
Мардҳоро бештар буд кайфи дунёи замин.
This version of ҲАЛҚАИ ЗАРРИН Android App comes with one universal variant which will work on all the Android devices.
If you are looking to download other versions of ҲАЛҚАИ ЗАРРИН Android App, We have 1 version in our database. Please select one of them below to download.