ОВАРДАНИ РУСТАМ КАЙҚУБОДРО
АЗ КЎҲИ АЛБУРЗ
Ба Рустам чунин гуфт фархунда Зол,
Ки «Баргир кўполу бифроз ёл.
Бирав тозиён то ба Албурзкўҳ,
Гузин кун яке лашкари ҳамгурўҳ.
Абар Кайқубод офарин кун яке,
Макун пеши ў - дар диранг андаке.
Ба ду ҳафта бояд, ки эдар бувӣ,
Гаҳу бегаҳ аз тохтан нағнавӣ.
Бигўӣ, ки лашкар туро хостанд,
Ҳаме тахти шоҳӣ биёростанд,
Ки дархурди тоҷи каён ҷуз ту кас
Набинем, шоҳо, ту фарёд рас!»,
Чу Золи Зар ин достонҳо бигуфт,
Таҳамтан заминро ба мижгон бируфт.
Ба Рахш андаромад ҳамон гоҳ шод,
Гурозон биёмад бари Кайқубод.
Зи туркон басе буд талоя ба роҳ,
Расиданд дар Рустами кинахоҳ.
Баровехт бо номдорон ба ҷанг,
Яке гурзаи говпайкар ба чанг
Баровард гурзу баромад ба ҷўш,
Ҳамекўфт гурзу ҳамезад хурўш.
Рамид аз дили турк якбора ҳуш,
Ба бозу басе гашт бетову туш.
Далерони Турон баровехтанд,
This version of ШОХНОМА Ч2 Android App comes with one universal variant which will work on all the Android devices.
If you are looking to download other versions of ШОХНОМА Ч2 Android App, We have 1 version in our database. Please select one of them below to download.