Azkori Bomdod va Begoh 2.0 Icon

Azkori Bomdod va Begoh

Firdavsi Nuraliev Education
5
0 Ratings
23K+
Downloads
2.0
version
Feb 12, 2016
release date
2.1 MB
file size
Free
Download

What's New

Тасҳеҳи матни тарҷума.

About Azkori Bomdod va Begoh Android App

Азкори Бомдод ва Бегоҳ
Бисмиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва-с-салоту ва-с-салому ъало Расуллиллоҳ.

Нахуст аз ҳама ин ки Пайғамбари гиромӣ (дуруду паёми Худо бар ӯ бод) ва ёрони покизаи ӯ ва ҳама мардумони порсову накӯкор бар гуфтани ин зикрҳои бомдоду бегоҳ мудовамат кардаанду онҳоро тарк нанамудаанд ва ҳар ки роҳи ростини онҳоро паймояд бояд, ки ин зикрҳоро пайваста дар вақташон бигӯяд ва аз савобҳои бешумори онҳо баҳраманд гардад.

Азкори бомдоду бегоҳ вақти муайян доранд ва донишмандон дар бораи муайян кардани вақти бомдоду бегоҳӣ ва оғозу поён расидани онҳо ихтилоф намудаанд. Бархе бар инанд, ки бомдод бо дамидани субҳ оғоз мегардаду бо тулӯи хуршед поён меёбад. Ва бархе аз ишон мегӯянд, ки вақти он бо фаро расидани зуҳо, яъне чоштгоҳ анҷом мепазирад, вале вақти баргузидаи азкори бомдод, аз субҳдам то баланд шудани хуршед аст. Аммо дар бораи вақти азкори бегоҳӣ, бархе донишмандон низ бар ин роянд, ки аз вақти намози аср сар мешаваду бо ғуруби офтоб ба охир мерасад ва бархе дигар чунин мегӯянд, ки вақти он то сеяки шаб давом мекунад ва гурӯҳи дигари онҳо оғози азкорро баъди намози шом медонанд.

Дурусттарин рой дар ин бора ин аст, ки банда кӯшиш намояд, ки азкори бомдодро аз субҳдам то баромадани офтоб бигӯяд. Агар дар ин байн азкори бомдодро гуфтан натавонад, боке нест, ки то ниҳояти чошт, яъне то пеш аз намози пешин бигӯяд. Азкори бегоҳро баъд аз аср то намози бомдод бигӯяд ва агар дар ин вақт азкорро нагӯяд, равост, ки то сеяки шаб бигӯяд.

Ва аз рӯи сухани Пайғамбари гиромӣ (дуруду паёми Худо бар ӯ бод):

مَنْ صَلَّى الْغَدَاةَ فِي جَمَاعَةٍ ثُمَّ قَعَدَ يَذْكُرُ اللَّهَ حَتَّى تَطْلُعَ الشَّمْسُ ثُمَّ صَلَّى رَكْعَتَيْنِ كَانَتْ لَهُ كَأَجْرِ حَجَّةٍ وَعُمْرَةٍ تَامَّةٍ تَامَّةٍ تَامَّةٍ.

Ҳар касе намози бомдодро дар ҷамоат бигзорад, сипас бинишинаду то баромадани офтоб Худоро ёд кунад, боз бархезаду ду ракъат намоз бигзорад, барояш музди ҳаҷҷу умраи пурраи пурраи пурра навишта шавад.

Бародари азиз! Бояд ки ҳар рӯзе дар бомдод пас аз бедор шудан аз хоб азкори бомдодро бигӯӣ, зеро ин ҳангом вақти субҳ аст. Дар "Саҳиҳ"-и Имом Муслим аз ривояти Умар писари Хаттоб (Худо аз ӯ хушнуд бод) омада аст, ки

مَنْ نَامَ عَنْ حِزْبِهِ أَوْ عَنْ شَيْءٍ مِنْهُ فَقَرَأَهُ فِيمَا بَيْنَ صَلَاةِ الْفَجْرِ وَصَلَاةِ الظُّهْرِ كُتِبَ لَهُ كَأَنَّمَا قَرَأَهُ مِنْ اللَّيْلِ

Ҳар кӣ аз хондани ҳизби Қуръон дар намози қиёми шаб ё қисми он дар хоб монаду онро байни намози бомдод ва намози пешин бихонад, ҳамчунон аст, ки онро шабонгаҳ хонда аст.

Имом Нававӣ дар "Шарҳи Муслим" мегӯяд, ки ин ҳадис далел аст бар пайваста хондани вирдҳои ҳаррӯза ва чун вақташон бигзарад баъди гузашти вақт ҳам хонда мешаванд.

Ва дар "Авну-л-маъбуд" ки дар шарҳи китоби "Сунан"-и Абудовуд аст омада аст, ки ҳадис бар машрӯъ будани барои шаб гирифтани вирд далолат мекунад, ки ва ба ин ки агар вақташ ба сабаби хоб ва ё сабабе аз сабабҳо бигзарад ва ҳар кӣ онро мобайни намози бомдод ва намози пешин адо кунад, монанди касест, ки онро ба шаб адо карда ва низ бар мустаҳаб будани қазои намози таҳаҷҷуд далолат мекунад.

Ва дуруду паёми Худо бар пайғамбарамон Муҳаммад ва ёрону хонадону ҳамсарони покизаи ва бар касе бод, ки ӯро бо некӯӣ то рӯзи бозпасин пайравӣ менамояд!

Other Information:

Requires Android:
Android 1.6+
Other Sources:

Download

This version of Azkori Bomdod va Begoh Android App comes with one universal variant which will work on all the Android devices.

Variant
3
(Feb 12, 2016)
Architecture
universal
Minimum OS
Android 1.6+
Screen DPI
nodpi (all screens)

All Versions

If you are looking to download other versions of Azkori Bomdod va Begoh Android App, We have 1 version in our database. Please select one of them below to download.

Loading..