100 инсони бузургтарин 1.2 Icon

100 инсони бузургтарин

EasyLearn Books & Reference
0
0 Ratings
2K+
Downloads
1.2
version
Mar 04, 2024
release date
~50M
file size
Free
Download

About 100 инсони бузургтарин Android App

Аввалин китоб бо унвони «100 инсони бузургтарин» аз
тариқи нашриёти «Вече» соли 1998 ба табъ расида буд, ки
ба қалами нависандаи америкоӣ М.X.Харт тааллук, дошт. Муаллиф ба муҳокимаи хонандагон назарияи бисёр ҳам баҳсталаб-назарияи таъсирро пешниҳод кард. Қисми зиёди китобро
Харт ба андешаҳои худ оид ба ин ё он шахсияти таърихй
бахшида, дар бораи фаъолияти онҳо камтар сухан рондааст.
Асари С. А. Мусский «100 инсони бузургтарин» («Вече», 2006),
ки мо аз он ба муштариён намунахр пешниҳод месозем, нисбатан иттилооти бештар дорад ва ҳам холисона аст. Ҳайати қахрамонҳо аз нисф зиёд тагйир ёфтааст. Шахсиятҳои
аз ҳама бузург, чехраҳои шинохтаи оламшумули ҳамаи соҳаҳои
асосии ҳаёти одами дар ин китоб гирд омадаанд. Муаллиф
асарашро ба бобҳои «Ходимони дин», «Мутафаккирон», «Сиёсатмадорон», «Лашкаркашон», «Олимон», «Устодони санъат», «Ихтироъкорон», «Сайёҳон» ва «Варзишгарон» тақсим
намуда, аз ҷумла дар бораи паёмбари ислом Муҳаммад (с),
Пифагор, Аристотел, Пётри Кабир, Маҳатма Ганди, Ленин,
Сталин, Искандари Мақдунӣ, Коперник, Дарвин, Менделеев,
Бах, Чайковский, Архимед, Колумб, Пеле, Муҳаммад Алй ва
дигарон маълумоти мушаххас додааст. Мутаассифона, дар
китоб мутафаккири барҷаста энсиклопедист, табиби оламшумул, муаллифи «Ал-Қонун» Абӯалӣ ибни Сино ҷойи худро
наёфтааст. Ҳол он ки ӯ яке аз нафарони арзандатарин аст
ба ин гуна китобҳо. Шояд ба ин чаҳорчӯбаи рақами 100 монеъ шуда бошад. Зеро Ломоносов, Лютер Кинг, Планк, Борн, Эдисон, Марко Поло ва даҳҳо нафари дигар ни? берун аз рақами
100 мондаанд. Вале ин қимати маҷмӯаро кам накардааст, ба
хонандаи имрӯза иттилооти фаровон медиҳад оид ба ҳар
нафари 100-гона. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки намунае
чанд аз чеҳраҳои ин китобро дар тарҷума пешкаши хонандагони гиромй гардонем.
Муаллифи китоби «100 великих женщин» Ирина Семашко дар пешгуфтори асар нигоштааст: «Дафъатан гуфтанием, ки мо иҷрои кори сангинеро бар душ гирифтем, зеро бонувони бузургтарин ангуштшуморанд. Занҳои машҳур боҳадду ҳисоб, вале бузургтаринашон, ки дар тӯли қарнҳо вир
ди забонҳо ва қахрамони достонҳо бошанд, 15-20 нафаранд
Албатта, шахсияти Жанна д’ Арк ё Сафо шубҳае ба m u c h
намеоранд, вале дар сафи онҳо боз киҳоро метавонем ном
бигирем?
Ҳангоми таълифи китоб мо ду кутбро ба эътибор гирифтем: Зан - Зебой ва Зан - Модар. Ба ин мазмун асар аз
саргузашти Нефертити - олиҳаи зебой огоз ёфта, бо зиндагиномаи Марями Муқаддас - модари Исои Масеҳ анҷом мепазирад. Фалсафаи ҳаёт ҳам чунин аст, зан дар байни ҳамин
ду ибтидои зиндагӣ - зебой ва ҳисси модарй талош меварзад: зебой бахри модарй ва модарй ба шарафи зебой. Дигар
ҳама комёбиҳои бонувон дар байни ин ду мафҳум нисбианд».
Қахрамонҳои китоб бонувони бузурганд, аз қабили Клеопатра, Екатеринаи II, Маргарет Тетчер, Ванга ва дигарон.

Other Information:

Requires Android:
Android 5.0
Other Sources:

Download

This version of 100 инсони бузургтарин Android App comes with one universal variant which will work on all the Android devices.

Variant
Latest
(Mar 04, 2024)
Architecture
all
Minimum OS
Android 5.0
Screen DPI
nodpi (all screens)

All Versions

If you are looking to download other versions of 100 инсони бузургтарин Android App, We have 1 version in our database. Please select one of them below to download.

Loading..